Оғози Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон

Имрӯз дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Тавре аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, қабл аз маросими ифтитоҳ дар фойеи театр намоиши санъати тасвирӣ, аккосӣ ва ҳунарҳои мардумии Туркманистон доир мегардад. «Ҳайати Туркманистон таҳти раҳбарии директори Маркази давлатии фарҳанги ин […]



Имрӯз дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, қабл аз маросими ифтитоҳ дар фойеи театр намоиши санъати тасвирӣ, аккосӣ ва ҳунарҳои мардумии Туркманистон доир мегардад. «Ҳайати Туркманистон таҳти раҳбарии директори Маркази давлатии фарҳанги ин кишвар Керимгули Гаровов аз 60 нафар иборат аст, ки ба он кормандони Вазорати фарҳанги Туркманистон, мусиқачиён, ҳунармандони театр, сароянагони опера ва дигар намояндагони аҳли ҳунару фарҳанги ин кишвар шомиланд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, санаи 5-уми август сафари ҳайати Туркманистон ба шаҳри Ваҳдат дар назар буда, дар он ҷо консерти ҳунармандони туркман баргузор мешавад ва сипас меҳмонон аз дараи хушманзари Ромит боздид мекунанд.

Рӯзи 6-уми август меҳмонон аз Туркманистон дар боғҳои Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ ва ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сайругашт мекунанд ва шоми ҳамон рӯз дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи хотимавии ҳунармандони Тоҷикистону Туркманистон барпо мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.