Дар машварати кории нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар масъалаҳои омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 11-12-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир ба ҳозирин хотиррасон намуд, ки дар нишасти Душанбе ба ҷуз сарони кишварҳои узви Созмон, ҳамчунин иштироки намояндагони кишварҳои нозир ва шарики созмон низ дар назар буда, дар ин рӯзҳо дар пойтахти кишвар шумори зиёди коршиносон, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорон ҳузур хоҳанд дошт.
Зимнан зикр гардид, ки дар машварат ба масоили дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани барномаи фарҳангии нишасти СҲШ дар Душанбе низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.



