Нахуствазир омодагиҳо ба нишасти СҲШ-ро санҷид

Дар машварати кории нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар масъалаҳои омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 11-12-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуданд. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир ба ҳозирин хотиррасон намуд, ки дар […]



Дар машварати кории нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар масъалаҳои омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 11-12-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир ба ҳозирин хотиррасон намуд, ки дар нишасти Душанбе ба ҷуз сарони кишварҳои узви Созмон, ҳамчунин иштироки намояндагони кишварҳои нозир ва шарики созмон низ дар назар буда, дар ин рӯзҳо дар пойтахти кишвар шумори зиёди коршиносон, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорон ҳузур хоҳанд дошт.

Зимнан зикр гардид, ки дар машварат ба масоили дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани барномаи фарҳангии нишасти СҲШ дар Душанбе низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.