Вохӯрии сокинони Чоркӯҳ ва Ворух бо роҳбарони сохторҳои қудратии Суғд

Рӯзи 4-уми август дар вохӯрии сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо раҳбарияти сохторҳои қудратии вилояти Суғд сабабҳои сар задани муноқишаи навбатии наздимарзӣ рӯзи 2-юми август дар қитъаи заминҳои кишоварзии ин деҳа ва деҳаи Оқсойи Қирғизистон ва андешидани тадбирҳои минбаъд пешгирии чунин ҳодисаҳо баррасӣ шуданд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи […]



Рӯзи 4-уми август дар вохӯрии сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо раҳбарияти сохторҳои қудратии вилояти Суғд сабабҳои сар задани муноқишаи навбатии наздимарзӣ рӯзи 2-юми август дар қитъаи заминҳои кишоварзии ин деҳа ва деҳаи Оқсойи Қирғизистон ва андешидани тадбирҳои минбаъд пешгирии чунин ҳодисаҳо баррасӣ шуданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати шаҳри Исфара Собирҷон Рустамов ба «Ази-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ бо сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух сардори шуъбаи фаврии Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар вилояти Суғд Музаффар Пираков ва муовини сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Субҳон Миралиев ҳузур доштаанд.

Ба қавли С.Рустамов, дар вохӯрӣ сокинони маҳаллӣ изҳор намудаанд, ки сабаби аслии сар задани

муноқишаи ахир

мавҷуд набудани заминҳо барои чаронидани чорвои аҳолии деҳаҳои Тоҷикистон ва манъи дастрасӣ ба чарогоҳҳои Қирғизистон аст.

«То замоне, ки масъалаи дастрасии бемамониат ба чарогоҳҳо ва дар маҷмӯъ масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар марз ҳаллу фасл нашавад, пешгирии чунин муноқишаҳо хеле мушкил аст», – гуфтаанд зимни вохӯрӣ сокинони маҳаллӣ.

Ба иттилои манбаъ, сокинони маҳаллӣ ҳамчунин қайд кардаанд, ки аллакай тобистон ба охир мерасад, вале комиссияи байниҳукуматии кишварҳо то ҳол сари масъалаи дастрасии аҳолии деҳаҳои Тоҷикистон ба чарогоҳҳо ба хулосаи мушаххасе нарасидаанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар навбати худ сардори шуъбаи фаврии Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар вилояти Суғд Музаффар Пираков ба сокинони маҳаллӣ шарҳ додааст, ки айни замон ҳукумати кишвар ба ҳалли мушкилоти таъйин ва аломатгузорӣ дар марз ва дигар масоили марбут ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри ҳалли ҳарчи зудтари он ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад. «Ӯ ҳамчунин аз сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон даъват кард, ки босабру таҳаммул бошанд», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.