ҲХДТ ба анҷумани пешазинтихоботӣ омодагӣ мегирад

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ахири моҳи август пленуми Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ-ро баргузор карданист, ки дар он санаи даъвати анҷумани пешазинтихоботии ҳизб ва тартиби интихоби вакилони анҷуман муайян карда мешавад. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар саросари кишвар маҷлисҳои […]



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ахири моҳи август пленуми Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ-ро баргузор карданист, ки дар он санаи даъвати анҷумани пешазинтихоботии ҳизб ва тартиби интихоби вакилони анҷуман муайян карда мешавад.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар саросари кишвар маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизб доир гардида, дар онҳо вакилони конфронсҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии ҲХДТ интихоб мешаванд. «Дар ин конфронсҳо вакилони анҷумани пешазинтихоботии ҳизб муайян карда мешаванд», – иброз дошт номбурда.

Ӯ хотиррасон намуд, ки дар анҷумани ахири ҳизб санаи 4-уми октябри соли гузашта пешвои ҳизб Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуда, он замон аз 1 ҳазор аъзои ҳизб 1 намоянда ба вакилӣ дар анҷуман пешниҳод шуда буданд.

Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ, аз 63 нафар вакилони палатаи поёнии парлумон 22 нафарашон аз рӯи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб карда шуда, 41 нафар вакили боқимонда аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб карда мешаванд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.