Ҳалокати 2 нафар сокини Хоруғ аз тири афроди номаълум

Субҳи имрӯз дар мавзеи Наводаки наздик ба маркази маъмурии ВМКБ ҷасади ду нафар сокини шаҳри Хоруғ бо ҷароҳатҳои бардошта аз силоҳи оташфишон дарёфт шуданд. Ҷасадҳо дар дохили автомашинаи муталлиқ ба яке аз онҳо қарор доштанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, сокинони маҳаллаҳои УПД ва Бархоруғ, хешовандон Сайёд Охонқадамови 24-сола ва […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз дар мавзеи Наводаки наздик ба маркази маъмурии ВМКБ ҷасади ду нафар сокини шаҳри Хоруғ бо ҷароҳатҳои бардошта аз силоҳи оташфишон дарёфт шуданд. Ҷасадҳо дар дохили автомашинаи муталлиқ ба яке аз онҳо қарор доштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, сокинони маҳаллаҳои УПД ва Бархоруғ, хешовандон Сайёд Охонқадамови 24-сола ва Далер Хушдилови 25-сола ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифтаанд.

«Бо кадом мақсад содир шудани ин ҷинояти густохонаро гурӯҳи махсуси тафтишотии таъсисёфта, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти милисаву прокуратура шомиланд, таҳқиқ доранд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳалокшудагон ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ҳеҷ муносибате надошта, дар бетартибиҳои моҳи августи соли 2012 ва моҳи майи соли 2014 иштирок накардаанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши онро раҳбарияти мақомоти милиса ва прокуратураи вилоят таҳти назорат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.