Парвандаи ҷиноӣ нисбати «Тоири сиёҳ» ба суд ирсол гардид



Парвандаи ҷиноӣ нисбати  Тоир Тешаев, машҳур бо лақаби «Тоири сиёҳ» барои моҳиятан дида баромадан ба суди вилояти Хатлон фиристода шудааст.

Бино ба гуфти як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Тоир Тешаев   бо моддаҳои 195 қисми 2,  237 қисми 3 ва 141 қисми 1 КҶ  ҶТ ба анҷом расида, парванда ҷиҳати баррасӣ ба суди вилояти Хатлон ирсол карда шудааст.  «Нисбати номбурда бо моддаҳои дар боло зикргардида айб эълон карда шудааст», – изҳор дошт манбаъ.

Бояд ёдовар шуд, ки РВКД дар вилояти Хатлон қаблан аз боздошти Тоир Тешаев ва шарикони ӯ з

имни як нишасти хабарӣ

итиллоъ дода буд.

Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал майори милиса Анвар Тағоймуродов рӯзи 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки Тоир Тешаев, машҳур бо лақаби «Тоири сиёҳ» 19-уми марти соли равон аз тарафи кормандони раёсат ба ҳабс гирифта шудааст. «Нисбати ӯ бо моддаҳои 195 қисми 2, 237 қисми 3, 141 қисми 1 КҶ ҶТ ва 104 –и КҶ ҶТ таҳрири соли 1961 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид», – зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, Тоир Тешаев бо ҳаммаслаконаш бо як гурӯҳи дигар дар муноқиша мешаванд ва аз силоҳи оташфишон тир холӣ мекунанд, ки ба дасти зане, ки дар айвони хонааш меистодааст, бармехӯрад.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамроҳи ӯ ҳаммаслаконаш – шаҳрвандон Суҳроб Назаров, Баҳодур Боев, Маҳмадсафо Низомов ва як нафар аз тарафи муқобил Фаридун Зокиров низ дастгир шудаанд. «Бояд гуфт, ки дар пайи ин муноқиша 7 нафар шаҳрвандони дигар дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳоло ин қазияро прокуратураи вилояти Хатлон тафтиш мекунад», – афзуд Анвар Тағоймуродов.

spot_imgspot_img

Популярное