Парвандаи ҷиноӣ нисбати «Тоири сиёҳ» ба суд ирсол гардид

Парвандаи ҷиноӣ нисбати  Тоир Тешаев, машҳур бо лақаби «Тоири сиёҳ» барои моҳиятан дида баромадан ба суди вилояти Хатлон фиристода шудааст. Бино ба гуфти як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Тоир Тешаев   бо моддаҳои 195 қисми 2,  237 қисми 3 ва 141 қисми 1 КҶ  ҶТ ба анҷом расида, парванда […]

Сайраҳмон Назриев



Парвандаи ҷиноӣ нисбати  Тоир Тешаев, машҳур бо лақаби «Тоири сиёҳ» барои моҳиятан дида баромадан ба суди вилояти Хатлон фиристода шудааст.

Бино ба гуфти як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Тоир Тешаев   бо моддаҳои 195 қисми 2,  237 қисми 3 ва 141 қисми 1 КҶ  ҶТ ба анҷом расида, парванда ҷиҳати баррасӣ ба суди вилояти Хатлон ирсол карда шудааст.  «Нисбати номбурда бо моддаҳои дар боло зикргардида айб эълон карда шудааст», – изҳор дошт манбаъ.

Бояд ёдовар шуд, ки РВКД дар вилояти Хатлон қаблан аз боздошти Тоир Тешаев ва шарикони ӯ з

имни як нишасти хабарӣ

итиллоъ дода буд.

Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал майори милиса Анвар Тағоймуродов рӯзи 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки Тоир Тешаев, машҳур бо лақаби «Тоири сиёҳ» 19-уми марти соли равон аз тарафи кормандони раёсат ба ҳабс гирифта шудааст. «Нисбати ӯ бо моддаҳои 195 қисми 2, 237 қисми 3, 141 қисми 1 КҶ ҶТ ва 104 –и КҶ ҶТ таҳрири соли 1961 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид», – зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, Тоир Тешаев бо ҳаммаслаконаш бо як гурӯҳи дигар дар муноқиша мешаванд ва аз силоҳи оташфишон тир холӣ мекунанд, ки ба дасти зане, ки дар айвони хонааш меистодааст, бармехӯрад.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамроҳи ӯ ҳаммаслаконаш – шаҳрвандон Суҳроб Назаров, Баҳодур Боев, Маҳмадсафо Низомов ва як нафар аз тарафи муқобил Фаридун Зокиров низ дастгир шудаанд. «Бояд гуфт, ки дар пайи ин муноқиша 7 нафар шаҳрвандони дигар дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳоло ин қазияро прокуратураи вилояти Хатлон тафтиш мекунад», – афзуд Анвар Тағоймуродов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.