Медали тиллои донишҷӯи тоҷик дар Олимпиадаи байнулмилалӣ

Донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Олимҷон Пираҳмад аз Олимпиадаи умумиҷаҳонӣ аз фанни риёзиёт (математика) бо медали тилло баргашт. Бино ба иттилои сомонаи олимпиада, олимпиада миёни донишҷӯён аз 29-уми июл то 4-уми август дар шаҳри Благоевгради Булғористон доир гардида, дар он 324 нафар донишҷӯ аз 51 кишвари дунё ширкат варзидаанд. О.Пираҳмад зинаи 57-умро касб намудааст. […]

ASIA-Plus



Донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Олимҷон Пираҳмад аз

Олимпиадаи умумиҷаҳонӣ

аз фанни риёзиёт (математика) бо медали тилло баргашт.

Бино ба иттилои сомонаи олимпиада, олимпиада миёни донишҷӯён аз 29-уми июл то 4-уми август дар шаҳри Благоевгради Булғористон доир гардида, дар он 324 нафар донишҷӯ аз 51 кишвари дунё ширкат варзидаанд. О.Пираҳмад зинаи 57-умро касб намудааст. Забони кории олимпиада англисӣ будааст.

Олимҷони Пираҳмад ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки олимпиада хеле мушкил буда, дар он донишҷӯёни беҳтарини саросари ҷаҳон аз фанни математика иштирок кардаанд. «Давр ин олимпиада донишҷӯён аз ИМА, Бразилия, Колумбия, Олмон, Испания, Италия, Британия, Русия ва Қазоқистон ҳузур доштанд. Далели дар олимпида ҳузур доштани собиқ чемпионҳои ҷаҳон аз сатҳи баланд ва душвории он гувоҳӣ медиҳад», – иброз дошт О.Пираҳмад.

Қобили зикр аст, ки барои Олимҷони Пираҳмад ин медали тиллои аввалин дар олимпиадаҳо нест. Ӯ дорандаи 15 медал, аз ҷумла 7-тоаш тилло ва ҳудуди 50 дипломҳо дар мусобиқаҳои гуногуни байнулмилалӣ аст. Ӯ аз соли 2007, замони таҳсил дар гимназияи «Ҳотам ва ПВ» ба иштирок дар олимпиадаҳои аз фанни математика оғоз карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.