Академик Абдуллоев муаалифи мақола буданашро рад мекунад

Академики ӯзбек Рустамҷон Абдуллоев муаллифи мақолаи чанде қабл дар торнамои Centrasia.ru нашршударо, ки дар он ба бомбаборон кардани сарбанди Роғун даъват мешавад, рад мекунад . Дар муроҷиат ба раҳбарияти торнамо Абдуллоев қайд мекунад, ки дар ин сомона беш аз 20 мақолаи ӯ дар мавзӯъҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба нашр расидаааст, ки барои ин аз […]

ASIA-Plus



Академики ӯзбек Рустамҷон Абдуллоев муаллифи мақолаи чанде қабл дар торнамои Centrasia.ru нашршударо, ки дар он ба бомбаборон кардани сарбанди Роғун даъват мешавад,


рад мекунад


.

Дар муроҷиат ба раҳбарияти торнамо Абдуллоев қайд мекунад, ки дар ин сомона беш аз 20 мақолаи ӯ дар мавзӯъҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба нашр расидаааст, ки барои ин аз онҳо хеле миннатпазир аст.

«Шояд аз ин рӯ санаи 4-уми август дар торнамои шумо боз як мақолае таҳти унвони

«Узбекистан должен предпринять срочные меры для укрепления своей гегемонии в ЦАР, – академик Р.Абдуллаев

 бо зикри номи ман ҳамчун муаллиф ба табъ расидааст, вале ман муаллифи ин мақола нестам ва онро ба унвони Шумо фиристода наметавонистам», – зикр мегардад дар раддияи академик.

Абдуллоев дархост мекунад, ки дар бораи муаллифи мақола набудани ӯ ва асоси воқеӣ надоштани ин далел раддияи дахлдор нашр карда шавад, «яъне дар бораи он ки ман муаллифи мақола нестам ва агар имкон бошад, он аз торнамо хориҷ гардад».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта доктори улуми иқтисод, академик аз Ӯзбекистон Рустамҷон Абдуллоев дар

мақолаи

  интишоршуда дар торнамои Centrasia.ru  аз ҳукумати кишвараш даъват кардааст, ки ба ҳамсоякишвари Тоҷикистон ултиматум гузорад: «Ё ба сохтмони сарбанди худ хотима бахшед ё мо маҷбурем, ки чораҳои қатъӣ биандешем!».

Дар идомаи мавод академик менависад, ки агар ультиматум бидуни посух монад, «пас Ӯзбекистонро лозим аст, ки ба дараи Роғун ҳавопаймоҳои сершумори бомбафкани худро саафарбар намуда, сарбандро мавриди бомбаандозӣ бо бомбҳои муосир қарор бидиҳад». Дар баробари ин ӯ ҳамчунин пешниҳод мекунад, ки ба артиши Тоҷикистон аз вилояти Сурхондарё бо самти Турсунзода – Ҳисор – Душанбе зарбаи огоҳкунанда расонида шавад.

Дар ҳамин ҳол, ин мақолаи пурсарусадо то ҳанӯз аз торнамои Centrasia.ru хориҷ карда нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.