Роҳбари АНМН омӯзиши дубораи парвандаҳои боздоштшударо талаб кард



Рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо иштироки роҳбарони раёсатҳои вилоятии Агентӣ ҷаласаи видеоӣ баргузор намуд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа масъалаҳои омодагиҳо барои зимистонгузаронӣ, тайёриҳо барои дар сатҳи лозима гузаронидани ҷашнҳои дар пеш истода ва натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ дар моҳи июли соли равон баррасӣ гардиданд.

Ба иттилои мнабаъ, ҳисоботи сардорони Шӯъбаи молиявӣ хоҷагӣ ва раёсатҳои вилоятии Агентӣ доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шунида шуда, директори Агентӣ диққати ҳозиринро барои ҳар чӣ зудтар бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда равон карда, масъулин ва вақти бартараф намудани онҳоро муқаррар намуд.

Гуфта мешавад, доир ба натиҷаҳои фаъолият дар моҳи июли соли равон Р.Назарзода таъкид намуд, ки он ба талаботе, ки президент зимни суханрониашон дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии ҶТн (10 июли соли 2014) дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштанд, ҷавобгӯ нест.

Қайд карда шуд, ки  корҳои оперативӣ барои ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб ҷоннок карда шаванд. Парвандаҳои ҷиноятии боздошташуда ва парвандаҳое, ки аз парвандаҳои асосӣ ҷудо карда шудаанду нисбати ҷинояткорон кофтуков эълон карда шудааст, бояд аз сари нав пурра омӯхта шуда, нисбати шахсони гунаҳкор ҷораҳои мурофиавӣ андешида шаванд.

spot_imgspot_img

Популярное