Истеҳсоли беш аз 600 ҳазор тонна семент дар соли равон

Дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 580 ҳазор тонна зиёдтар аст. Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пешсафи истеҳсоли семент дар кишвар ширкати «Хуксаин Ғаюр семент» мебошад, […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 580 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пешсафи истеҳсоли семент дар кишвар ширкати «Хуксаин Ғаюр семент» мебошад, ки 443 ҳазор тонна аз ҳаҷми умумии истеҳсол ба ҳиссаи ин ширкат рост меояд. «Дар ин давра «Тоҷиксемент» 120 ҳазор тонна семент истеҳсол карда, дар истеҳсоли ҳиссаи боқимондаи ин масолеҳи сохтмон корхонаҳои хурди ҷумҳурӣ саҳм гузоштанд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти вазорат, айни замон дар саросари кишвар 10 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият доранд ва то охири сол дар ин корхонаҳо истеҳсоли беш аз 1 млн. тонна ин масолеҳи зарурии сохтмон ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 385 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба ин масолеҳои сохтмон беш аз 1,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Камбуди семент аз ҳисоби воридоти он асосан аз Покистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бароварда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.