Роҳбари АНМН омӯзиши дубораи парвандаҳои боздоштшударо талаб кард

Рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо иштироки роҳбарони раёсатҳои вилоятии Агентӣ ҷаласаи видеоӣ баргузор намуд. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа масъалаҳои омодагиҳо барои зимистонгузаронӣ, тайёриҳо барои дар сатҳи лозима гузаронидани ҷашнҳои дар пеш истода ва натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо иштироки роҳбарони раёсатҳои вилоятии Агентӣ ҷаласаи видеоӣ баргузор намуд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа масъалаҳои омодагиҳо барои зимистонгузаронӣ, тайёриҳо барои дар сатҳи лозима гузаронидани ҷашнҳои дар пеш истода ва натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ дар моҳи июли соли равон баррасӣ гардиданд.

Ба иттилои мнабаъ, ҳисоботи сардорони Шӯъбаи молиявӣ хоҷагӣ ва раёсатҳои вилоятии Агентӣ доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шунида шуда, директори Агентӣ диққати ҳозиринро барои ҳар чӣ зудтар бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда равон карда, масъулин ва вақти бартараф намудани онҳоро муқаррар намуд.

Гуфта мешавад, доир ба натиҷаҳои фаъолият дар моҳи июли соли равон Р.Назарзода таъкид намуд, ки он ба талаботе, ки президент зимни суханрониашон дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии ҶТн (10 июли соли 2014) дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштанд, ҷавобгӯ нест.

Қайд карда шуд, ки  корҳои оперативӣ барои ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб ҷоннок карда шаванд. Парвандаҳои ҷиноятии боздошташуда ва парвандаҳое, ки аз парвандаҳои асосӣ ҷудо карда шудаанду нисбати ҷинояткорон кофтуков эълон карда шудааст, бояд аз сари нав пурра омӯхта шуда, нисбати шахсони гунаҳкор ҷораҳои мурофиавӣ андешида шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.