Имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колоколцев Владимир Александрович, сардорони раёсатҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар ва дигар шахсони расмӣ ба кор оғоз мекунад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи муқовимат бар зидди экстремизм, дурнамои ҳамкориҳои воҳидҳои ташхисӣ – криминалистӣ ва тасдиқи Нақшаи кории Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои соли 2015 дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар Мушовараи мазкур баимзорасонии Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 21 августи соли 2007 ва Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Департаменти тафтишотии ВКД Федератсияи Россия ва Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз соли 1999 инҷониб дар қаламрави якдигар бонавбат доир гардида, дар он ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла, ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо байни мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.



