Кумаки ИМА ба азнавсозии мактаб дар ноҳияи Рӯдакӣ

Ахири ҳафтаи гузашта сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт дар маросими ифтитоҳи мактаби нав таъмиршудаи №120-и ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзид. Бино ба иттилои сафоратхонаи ИМА дар ҶТ, раванди азнавсозӣ пурра барқарор намудани чаҳор утоқи дарсӣ ва дастрас намудани таҷҳизотҳои ёрирасонро дар бар гирифт. Ин кор аз тарафи Муассисаи ҳамоҳангсозони ёрии ИМА ба […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт дар маросими ифтитоҳи мактаби нав таъмиршудаи №120-и ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзид.

Бино ба иттилои сафоратхонаи ИМА дар ҶТ, раванди азнавсозӣ пурра барқарор намудани чаҳор утоқи дарсӣ ва дастрас намудани таҷҳизотҳои ёрирасонро дар бар гирифт. Ин кор аз тарафи Муассисаи ҳамоҳангсозони ёрии ИМА ба давлатҳои Аврупо ва Авруосиёи (EUR/ACE) маблагузорӣ шуда аз тарафи Барномаи Ёрии Башардӯстона ба Ҷомеа (БЁБҶ) Каунтерпарт Интернейшнл амалӣ карда мешавад.

Таъмирот бевосита муҳити омӯзишро барои донишҷӯён ва омӯзгорон таввасути зиёд кардани синфхонаҳо дар ошёнаи дуввум ва баланд бардоштани ғунҷоиши мактаб аз 191 нафар то 250 нафар талабагон беҳбудӣ бахшид.

Мактаби таҳсилоти умумии №120 соли 1972 ҳамчун боғчаи бачагон барои оилаҳои камбизоат таъсис ёфта соли 2003 ба мактаби ибтидоӣ табдил ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.