Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия дар Хуҷанд

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колоколцев Владимир Александрович, сардорони раёсатҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар ва дигар шахсони расмӣ ба кор оғоз мекунад. Бино […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колоколцев Владимир Александрович, сардорони раёсатҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар ва дигар шахсони расмӣ ба кор оғоз мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи муқовимат бар зидди экстремизм, дурнамои ҳамкориҳои воҳидҳои ташхисӣ – криминалистӣ ва тасдиқи Нақшаи кории Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои соли 2015 дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар Мушовараи мазкур баимзорасонии Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 21 августи соли 2007 ва Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Департаменти тафтишотии ВКД Федератсияи Россия ва Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз соли 1999 инҷониб дар қаламрави якдигар бонавбат доир гардида, дар он ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла, ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо байни мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.