Тоҷикистону вилояти Гомел роҳҳои беҳбуди ҳамкориҳоро меҷӯянд



Ахири ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Гомели Беларус Владимир Дворник роҳҳои беҳбуд бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва дурнамои шарикии минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Душанбе дар шаҳри Минск, В.Дворник қайд кардааст, ки ахиран як қадре коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни вилояти Гомел ва Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад ва пешниҳод намудааст, ки нахуст дар Гомел вохӯрии доирахои тиҷоратии Тоҷикистон ва сипас вохӯрии доираҳои манфиатдори тиҷоратии вилояти Гомел дар Тоҷикистон гузаронида шавад.

Соли 2013 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону вилояти Гомели Беларус каме бештар аз 3,14 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ҳаҷми умумии муомилоти молии Тоҷикистон бо вилояти Гомел дар соли 2013 ҳиссаи Тоҷикистон 9,1%-ро ташкил дода, ҳиссаи содирот аз Тоҷикистион ба вилояти Гомел ба 14,7% ва воридот аз вилояти Гомел ба Тоҷикистон ба 8,16% баробар буд.

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистон ва вилояти Гомели Беларус 1,53 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

spot_imgspot_img

Популярное