Сафари президенти Муғулистон ба Душанбе

Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгроҷ рӯзҳои 11-12-уми сентябр аз Тоҷикистон боздид намуда, дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафари президенти Муғулистон ба Душанбе дидору гуфтушуниди ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. «То имрӯз кишварҳои дорои […]

Аваз Юлдошев



Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгроҷ рӯзҳои 11-12-уми сентябр аз Тоҷикистон боздид намуда, дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафари президенти Муғулистон ба Душанбе дидору гуфтушуниди ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

«То имрӯз кишварҳои дорои мақоми нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) – Афғонистон ва Ҳиндустон намояндагони ҳайатҳои худ барои иштирок дар нишасти СҲШ дар Душанберо муайян накардаанд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, кишварҳои дигари нозири созмон – ҳайати Эрону Покистонро дар нишасти Душанбе мутаносибан президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф раҳбарӣ мекунанд.

Ҳайатҳои давлатҳо дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, президенти Русия Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ хоҳанд кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи иштирок дар кори нишасти СҲШ сарони кишварҳои Эрону Чин ва Қирғизистон сафарҳои расмии худ ба Тоҷикистонро анҷом медиҳанд.

Ба андешаи коршиносони байнулмилалӣ, Муғулистон, ки имрӯз дар СҲШ мақоми нозирро дорад, барои узви комилҳуқуқи созмон шудан дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ соли 2015 дар Русия афзалияти бештар дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.