Тоҷикистону вилояти Гомел роҳҳои беҳбуди ҳамкориҳоро меҷӯянд

Ахири ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Гомели Беларус Владимир Дворник роҳҳои беҳбуд бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва дурнамои шарикии минтақавӣ баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Душанбе дар шаҳри Минск, В.Дворник қайд кардааст, ки ахиран як қадре коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни вилояти […]

Аваз Юлдошев



Ахири ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Гомели Беларус Владимир Дворник роҳҳои беҳбуд бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва дурнамои шарикии минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Душанбе дар шаҳри Минск, В.Дворник қайд кардааст, ки ахиран як қадре коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни вилояти Гомел ва Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад ва пешниҳод намудааст, ки нахуст дар Гомел вохӯрии доирахои тиҷоратии Тоҷикистон ва сипас вохӯрии доираҳои манфиатдори тиҷоратии вилояти Гомел дар Тоҷикистон гузаронида шавад.

Соли 2013 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону вилояти Гомели Беларус каме бештар аз 3,14 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ҳаҷми умумии муомилоти молии Тоҷикистон бо вилояти Гомел дар соли 2013 ҳиссаи Тоҷикистон 9,1%-ро ташкил дода, ҳиссаи содирот аз Тоҷикистион ба вилояти Гомел ба 14,7% ва воридот аз вилояти Гомел ба Тоҷикистон ба 8,16% баробар буд.

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистон ва вилояти Гомели Беларус 1,53 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.