Суди олӣ аъзои гурӯҳи қасди тарконидани «ТАЛКО» доштаро маҳкум кард.



Суди олии Тоҷикистон аъзои гурӯҳеро, ки қасди тарконидани «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва як қатор иншооти дигар дар шаҳри Турсунзодаро доштанд, ба муддатҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Ҳамин тариқ, аъзои ин гурӯҳ – Турабой Равшанов ва Абдуллоҷон Раҳимов ба 22 сол, Аскаралӣ Бӯриев ва Азамат Абдуллоев ба 20 сол ва се нафари боқимонда — Толиб Шодиев, Аҳмадҷон Маҷидов ва Умар Урманов ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Ҳамаи онҳо мутобиқи моддахои 186 (Бандитизм), 179 (Терроризм) ва 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шуданд.

Айбдоркунандаи давлатӣ Фаррух Зуҳуритдинов аз суд дархост намуда буд, ки онҳо ба муҳлати аз 23 то 25 сол аз озодӣ маҳрум карда шаванд.

Дар ҳамин ҳол, адвокатҳои маҳукмшудагон бо ҳукми суд норозианд. Ба андешаи онҳо, суд якчанд ҳолатҳоро собит карда натавонист. «Ин шахсон мафҳуми терроризмро намефаҳманд. Афроде, ки ба чунин корҳо машғуланд, ҷаҳонбиниашон тамоман дигар хел аст», – гуфт яке адвокатҳо Шарифов.

spot_imgspot_img

Популярное