Суди олии иқтисодӣ шикояти «Созидание»-ро қонеъ накард

Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» аз болои қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи маҷбуран рӯёнидани қарзҳо аз андоз дар ҳаҷми 67 млн. $-ро қонеъ накард. Пас аз қироати ҳукми суд адвокати ҶДММ «Созидание» Игор Серебряков ба журналистон изҳор намуд, ки бо дастрас шудани матни комили ҳалномаи имрӯзаи суд, нисбати он ба […]

Пайрав Чоршанбиев



Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» аз болои қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи маҷбуран рӯёнидани қарзҳо аз андоз дар ҳаҷми 67 млн. $-ро қонеъ накард.

Пас аз қироати ҳукми суд адвокати ҶДММ «Созидание» Игор Серебряков ба журналистон изҳор намуд, ки бо дастрас шудани матни комили ҳалномаи имрӯзаи суд, нисбати он ба Раёсати Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят хоҳанд кард.

Серебряков шарҳ дод, ки муҳлати пешниҳоди чунин шикоят шаш моҳ муқаррар шудааст. «Вале мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар муддлати ду-се моҳ шикоятро пешниҳод кунем», – афзуд адвокат.

Қаблан адвокати ширкат дар робита ба ин масъала изҳор намуда буд, ки амалҳои номақбули Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ ва якҷониба даст кашидани Тоҷикистон аз созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата

ҷанҷоли байнулмилалиро

дар пай хоҳад дошт.

Бар асоси қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҶДММ «Созидание» 

маҷбуран қарзҳои андозро мерӯёнад.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 Кумитаи андоз маблағи зиёди қарз аз андози ҶДММ «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо ошкор намуд.

Мушкилоти ширкат бо мақомоти андоз пас аз санҷиши маҷмӯии такрории пардохти андозҳои тайи панҷ соли охир оғоз гардиданд.

Бино ба маълумоти ширкат, тибқи натиҷаҳои санҷиши такрорӣ, Кумитаи андоз аз рӯи андозҳои гуногун ба маблағи умумии 177,11 млн. сомонӣ пардохти дубора анҷом дода, бар асоси он аз ҳисоби фоиз ва ҷаримаҳо ҳамчунин мутаносибан дар ҳаҷми 99,05 млн. ва 46,20 млн. сомонӣ пардохти дубораи маблағҳоро амалӣ кард.  Маблағи умумии пардохтҳои дубора аз рӯи санади санҷиши пардохти андоз 322 млн. 352 ҳазору 898 сомонӣ ё худ 67 млн. доллари ИМА-ро ташкил доданд.

Дар бораи маҷбуран ситонидани қарз аз андози ширкати мазкурро Кумитаи андоз дар 

сомонаи расмии худ

 хабар дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.