Суди олӣ аъзои гурӯҳи қасди тарконидани «ТАЛКО» доштаро маҳкум кард.

Суди олии Тоҷикистон аъзои гурӯҳеро, ки қасди тарконидани «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва як қатор иншооти дигар дар шаҳри Турсунзодаро доштанд, ба муддатҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Ҳамин тариқ, аъзои ин гурӯҳ – Турабой Равшанов ва Абдуллоҷон Раҳимов ба 22 сол, Аскаралӣ Бӯриев ва Азамат Абдуллоев ба 20 сол ва се нафари боқимонда […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди олии Тоҷикистон аъзои гурӯҳеро, ки қасди тарконидани «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва як қатор иншооти дигар дар шаҳри Турсунзодаро доштанд, ба муддатҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Ҳамин тариқ, аъзои ин гурӯҳ – Турабой Равшанов ва Абдуллоҷон Раҳимов ба 22 сол, Аскаралӣ Бӯриев ва Азамат Абдуллоев ба 20 сол ва се нафари боқимонда — Толиб Шодиев, Аҳмадҷон Маҷидов ва Умар Урманов ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Ҳамаи онҳо мутобиқи моддахои 186 (Бандитизм), 179 (Терроризм) ва 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шуданд.

Айбдоркунандаи давлатӣ Фаррух Зуҳуритдинов аз суд дархост намуда буд, ки онҳо ба муҳлати аз 23 то 25 сол аз озодӣ маҳрум карда шаванд.

Дар ҳамин ҳол, адвокатҳои маҳукмшудагон бо ҳукми суд норозианд. Ба андешаи онҳо, суд якчанд ҳолатҳоро собит карда натавонист. «Ин шахсон мафҳуми терроризмро намефаҳманд. Афроде, ки ба чунин корҳо машғуланд, ҷаҳонбиниашон тамоман дигар хел аст», – гуфт яке адвокатҳо Шарифов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.