Чанде қабл муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии ноҳия ва мушкилоти мавҷудаи онҳо шинос шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукукмати вилояти Хатлон хабар дод, зимни сафар муовини нахуствазир ба масъалаҳои омодагии бемористону мактабҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст.
«Марҳабо Ҷабборӣ ҳамчунин бо занони ноҳия як қатор мулоқотҳо ороста, ба масъалаҳои таъмини онҳо бо ҷойи корӣ ва амалисозии тадбирҳо бобати ҳифзи иҷтимоии занон мароқ зоҳир намуд», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки муовини нахуствазир имрӯз аз ноҳияҳои Хуросон ва Ҷомии вилояти Хатлон низ боздид мекунад.



