БМТ: Изҳороти вазири нафти Эрон асос надорад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳороти чанде қабли вазири нафти Эрон Бежан Номдор Зангана дар бораи аз ҷониби соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷонӣ интиқол додани беш аз 2,7 млрд. доллари ИМА ба бонки «сохта»-и худаш дар Тоҷикистонро рад мекунад. «Изҳороти мазкур, агар воқеан ҳам ӯ чунин гуфта бошад, асос надорад, зеро ташкилоти қарзии тобеъ ба Бобаки Занҷонӣ (ҶСП […]

Пайрав Чоршанбиев



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳороти чанде қабли вазири нафти Эрон Бежан Номдор Зангана дар бораи аз ҷониби соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷонӣ интиқол додани беш аз 2,7 млрд. доллари ИМА ба бонки «сохта»-и худаш дар Тоҷикистонро рад мекунад.

«Изҳороти мазкур, агар воқеан ҳам ӯ чунин гуфта бошад, асос надорад, зеро ташкилоти қарзии тобеъ ба Бобаки Занҷонӣ (ҶСП БС “Конт”) дар он давра то ҳанӯз таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дорад», – зикр мегардар хабари хадамоти матбуоти БМТ.

Қайд мешавад, ки аз ҷумла, дар асоси эъломияи махсуси Вазорати молияи ИМА аз 11-уми апрели соли 2013, хизматрасонии интиқолҳо ба ва аз ҷониби ташкилоти мазкур ба ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст.

Дар идома гуфта мешавад, ҳамчунин то ин вақт бо назардошти талаботи таҳримҳо ва дар асоси тафтиши мутахассисони бонк бо санадҳои Бонки миллии Тоҷикистон ин ташкилот аз ҳуқуқи кушодани филиал маҳрум карда шуда, амалиёти ҳисобҳои муросилотиаш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ғайр аз пардохтҳои андоз ба буҷети давлатӣ манъ карда шудаанд.

« Аз ин лиҳоз, дар шарҳи ин ҳолат шояд иштибоҳе мавҷуд бошад, зеро ҳайати Бонки марказии Эрон махсус барои таҳлили ин масъала ташриф оварда буданд, оид ба мавҷуд набудан ва интиқол нагардидани маблағҳои зикршуда боварӣ ҳосил намуданд», – омадааст дар шарҳи расмии БМТ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон Вазири нафти Эрон Бежан Номдор Зангана изҳор намуд, ки замони раҳбарии ҳукумати пешинаи Эрон Бобак Занҷонӣ беш аз 2,7 млрд. доллари ИМА-ро ба бонки «сохта»-и худаш дар Тоҷикистон интиқол додааст.

Бино ба иттилои хабаргузории 

«ИРНА»

, вазир қайд кардааст, ки ин воситаҳоро Бобак Занҷонӣ бо имзои якчанд вазирон ва раиси Бонки марказӣ замони ҳукмронии Маҳмуди Аҳмадинажод гузаронидаааст.

Вазир таъкид доштааст, ки яккаву танҳо ин амалро роҳандозӣ кардан ғайриимкон буда, бар ин назар аст, ки дар ин кор ба Занҷонӣ собиқ мансабдорон кумак кардаанд.

Ёдовар мешавем, тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад, рӯзи 31-уми декабри соли 2013 ба гумони азхудкунии беш аз 2 млрд. доллари ИМА аз фурӯши нафти хом дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд. Бино ба маълумоти ВАО-и Эрон, Занҷонӣ дороии худро аз фурӯши нафти хом тариқи ширкатҳои пинҳонӣ ба даст овардааст.

Он замон вакилони парлумони Эрон изҳор намуда буданд, ки Занҷонӣ ба буҷет 2 млрд. 60 млн. $-ро напардохта, санади сохтаеро пешниҳод намудааст, ки гӯё аз ҷониби Бонки мили Тоҷикистон дода шуда, интиқоли маблағ ба суратҳисоби Вазорати нафти Эронро тасдиқ мекардааст. Аммо Боник миллии Тоҷикистон қотеъона ин иддаъоро рад намуда, изҳор кард, ки ба Бобаки Занҷонӣ чунин санад надодааст ва ин санад сохтакорӣ шудааст.

Дар ин робита ИМА ва Иттиҳоди Аврупо тоҷири эрониро барои риоя накардани таҳримҳои ҷоришуда нисбати Эрон ба «рӯйхатҳои сиёҳ»-и худ шомил сохтанд. Б. Занҷонӣ соҳибкори муваффақест, ки 64 корхонаи ӯ дар кишварҳои Малайзия, АМА, Туркия, Ирон ва Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дар Тоҷикистон Занҷонӣ ба ғайр аз “Kont Investment Bank” ҳамчунин соҳиби имтиёзи ширкатҳое чун “Asian Express Airline”, Kont Buil-ding, “Asian Express” аст ва Терминали автобусҳои Душанбе ва Маркази тиҷоратии Душанбе аз тарҳҳои онҳо ба шумор мераванд.

Қобили зикр аст, ки зимни нишасти хабарии ҷамъбасти фаъолият дар соли 2013 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Шинринов дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки Бонки милли Тоҷикистон ба қазияи тоҷири маъруфи эронӣ Бобак Занҷонӣ 

ҳеҷ рабте надорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.