Сафари кории муовини нахуствазир ба вилояти Хатлон

Чанде қабл муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии ноҳия ва мушкилоти мавҷудаи онҳо шинос шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукукмати вилояти Хатлон хабар дод, зимни сафар муовини нахуствазир ба масъалаҳои омодагии бемористону мактабҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистон таваҷҷуҳи […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии ноҳия ва мушкилоти мавҷудаи онҳо шинос шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукукмати вилояти Хатлон хабар дод, зимни сафар муовини нахуствазир ба масъалаҳои омодагии бемористону мактабҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст.

«Марҳабо Ҷабборӣ ҳамчунин бо занони ноҳия як қатор мулоқотҳо ороста, ба масъалаҳои таъмини онҳо бо ҷойи корӣ ва амалисозии тадбирҳо бобати ҳифзи иҷтимоии занон мароқ зоҳир намуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки муовини нахуствазир имрӯз аз ноҳияҳои Хуросон ва Ҷомии вилояти Хатлон низ боздид мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.