Тоҷикистон ду марзшиканро ба ихтиёри Қирғизистон супурд

Чанде қабл дар қитъаи марзи давлатӣ дар ноҳияи Ҷиргатол Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва ду сар асперо, ки зимни ҳодисаи тирпарронии суратгирифта рӯзи 9-уми июл дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шуда буданд, ба ихтиёри марзбонони қирғиз супурд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарааёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл дар қитъаи марзи давлатӣ дар ноҳияи Ҷиргатол Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва ду сар асперо, ки зимни ҳодисаи тирпарронии суратгирифта рӯзи 9-уми июл дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шуда буданд, ба ихтиёри марзбонони қирғиз супурд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарааёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки шаҳрвандони Қирғизистон – Доолотбой Гаимови 30-сола ва Бекмирзо Матирзоеви 28-сола рӯзи 9-уми август зимни муқовимати мусаллаҳона бо дастаи марзбонони тоҷик боздошт шуда буданд. То ин вақт онҳо дар тавқифгоҳи муваққатии шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Ҷиргатол нигаҳдорӣ мешуданд. Дар ин ҳодиса яке аз шаҳрвандони Қирғизистон кушта шуд.

Айни замон аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз ва аз ҷониби Тоҷикистон чорабиниҳои фаврии тафтишотӣ ҷараён дошта, бо анҷоми он тафтиши муштараки дуҷониба гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки аввали ҳамин ҳафта намояндагони мақомоти марзбонӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳифзи ҳуқуқии Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Ҷиргатол

мулоқоти дуҷониба

оростанд, ки дар он 

ҳодисаи рӯзи 9-уми август

 рухдода дар марзи давлатии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.