Муҳандиси техникаи бехатарии иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба азхудкунии 18,5 ҳазор доллари ИМА бо роҳи қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, муҳандиси иттиҳодияи мазкур Х.А. моҳи ноябри соли 2013 ба боварии шаҳрванд А.Ф. даромада, бо роҳи фиреб гӯё барои ҷудо кардани 0,10 га қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои иттиҳодия аз ӯ 18,5 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифта, онро азхуд мекунад.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел нисбати Х.А. мутобиқи моддаи 247 , қисми 4 (Қаллобии содиршуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаи ҷиноӣ боз шуда , тафтиш идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 74 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 47 далел) ба қайд гирифта шудааст.



