Суғд: Гумонбарии муҳандиси иттиҳодияи илмӣ ба қаллобӣ

Муҳандиси техникаи бехатарии иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба азхудкунии 18,5 ҳазор доллари ИМА бо роҳи қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, муҳандиси иттиҳодияи мазкур Х.А. моҳи ноябри соли 2013 ба боварии шаҳрванд А.Ф. […]

Мавлуда Рафиева



Муҳандиси техникаи бехатарии иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба азхудкунии 18,5 ҳазор доллари ИМА бо роҳи қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, муҳандиси иттиҳодияи мазкур Х.А. моҳи ноябри соли 2013 ба боварии шаҳрванд А.Ф. даромада, бо роҳи фиреб гӯё барои ҷудо кардани 0,10 га қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои иттиҳодия аз ӯ 18,5 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифта, онро азхуд мекунад.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел нисбати Х.А. мутобиқи моддаи 247 , қисми 4 (Қаллобии содиршуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаи ҷиноӣ боз шуда , тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 74 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 47 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.