Рӯзи дониш Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳи омӯзгорӣ ташриф меорад

Чорабиниҳои расмии имсола ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон доир мегарданд. Маъмулан чорнабиниҳои ҷашнии Рӯзи дониш бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд. Имсол дар ин рӯз ӯ дар маросими ифтитоҳи бинои нав дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ширкат меварзад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Донишгоҳи омӯзгорӣ хабар доданд, факултаҳои забони русӣ, забони румиву […]

Меҳрангез Турсунзода



Чорабиниҳои расмии имсола ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон доир мегарданд.

Маъмулан чорнабиниҳои ҷашнии Рӯзи дониш бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд. Имсол дар ин рӯз ӯ дар маросими ифтитоҳи бинои нав дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ширкат меварзад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Донишгоҳи омӯзгорӣ хабар доданд, факултаҳои забони русӣ, забони румиву олмонӣ ва технология ба бинои нав гузаронида мешаванд.

Ба гуфтаи котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсон Хушвахтов, дар дигар муассисаҳои таълимии кишвар дар ин рӯз толибилмону омӯзгорон тариқи оинаи нилгун суханронии мустақими президентро тамошо хоҳанд кард.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки соли равон дар Тоҷикистон 200 мактаби нав ва биноҳои таъмиршудаи назди мактабҳои мавҷуда ба истифода дода мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ба сурати умум 3 ҳазору 836 муассисаҳои таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1 млн. 171 ҳазору 63 нафар толибилмон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.