«Корвони китоб» ба маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд расид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар китохонаи ба номи Т.Асирӣ маросими тақдими 12 ҳазору 496 нусха китобҳои гуногун баргузор шуд.
Ба гуфтаи мудири китобхона Мунаввара Дамонова, китобҳо ба маблағи умумии 46 ҳазор сомонӣ ройгон миёни китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят тақсим карда шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати фарҳанг, кормандони ҳукумати вилоят ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.



