Заҳролудшавии 40 кӯдак аз таркиши зарфи хлориди аммиак дар ноҳияи Рӯдакӣ

Бар асари таркиши зарфи дорои хлориди аммиак дар коргоҳи металлургии деаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ 40 нафар кӯдакони дар наздикии коргоҳ иқоматдошта заҳролуд шуданд. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудорфиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин ҳодиса шоми рӯзи панҷшанбе, тахминан соати 21-00 ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, […]

Аваз Юлдошев



Бар асари таркиши зарфи дорои хлориди аммиак дар коргоҳи металлургии деаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ 40 нафар кӯдакони дар наздикии коргоҳ иқоматдошта заҳролуд шуданд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудорфиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин ҳодиса шоми рӯзи панҷшанбе, тахминан соати 21-00 ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи кӯдакони заҳролудшуда дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ва беморхонаи маҳаллаи Советский-1-и Душанбе бистарӣ шудаанд. «Ба гуфтаи табибон, вазъи солимии кӯдакон хуб буда, онҳо мавриди муолиҷа қарор доранд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷойи ҳодиса барои муайян кардани сабаби рух додани таркиш кормандони милиса, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва хадамоти ҳифзи муҳити зист машғули коранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.