Мушкилоти молии ифтитоҳи сафоратхонаи Лаҳистон дар Тоҷикистон

Зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе мушовири аввали сафоратхонаи Лаҳистон (Полша) дар Тоҷикистон Славомир Стшалковски изҳор намуд, ки айни замон ифтитоҳи намояндагии дипломатии Лаҳистон дар Тоҷикистон ғайриимкон аст. Ӯ шарҳ дод, ки масъалаи мавҷуд набудани сафоратхонаи Лаҳистон дар Тоҷикистон ба мушкилоти молӣ марбут аст. «Вазорати корҳои хориҷии мо чун ВКХ Тоҷикистон аз имконоти зиёди молӣ бархӯрдор […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе мушовири аввали сафоратхонаи Лаҳистон (Полша) дар Тоҷикистон Славомир Стшалковски изҳор намуд, ки айни замон ифтитоҳи намояндагии дипломатии Лаҳистон дар Тоҷикистон ғайриимкон аст.

Ӯ шарҳ дод, ки масъалаи мавҷуд набудани сафоратхонаи Лаҳистон дар Тоҷикистон ба мушкилоти молӣ марбут аст. «Вазорати корҳои хориҷии мо чун ВКХ Тоҷикистон аз имконоти зиёди молӣ бархӯрдор нест. Сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон низ дар шаҳри Берлин воқеъ аст», – иброз дошт ӯ.

Стшалковски таъкид дошт, ки онҳо ният доштанд дар шаҳри Хуҷанд як нуқтаи консулгарӣ боз намоянд, вале бинобар сабаби мушкилоти фаннӣ ин кор сурат нагирифтааст.

Ба қавли ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон раводид барои вуруд ба Лаҳистонро метавонанд аз намояндагиҳои длипломатии Лаҳистон дар шаҳрҳои Тошканд ва Алмаато дастрас намоянд.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Лаҳистон дар ҶТ, дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Лаҳистон нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 37% афзуда, афзоиши ҳаҷми содироти мол аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҳудуди 30%-ро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.