Дар пойтахти Русия соли равон тоҷикистониён беш аз 6,8 ҳазор ҷиноят содир намудааанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст.
Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, дар содир намудани қонуншиканиҳо дар шаҳри Маскав миёни кишварҳои ИДМ шаҳрвандони Ӯзбекистон пешсафанд, ки шумори ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо зиёда аз 8,5 ҳазор далелро ташкил додааст.
Ба гуфтаи сардори шуъбаи назорати муҳоҷирати Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия дар шаҳри Маскав Виктор Макаров, миёни кишварҳои хориҷи дур шаҳрвандони Вйетнам аз ҳама бештар (беш аз 2,6 ҳазор далел) дар Маскав даст ба ҷиноят задаанд.
«Дар иншооти сохтмон – 10 ҳазор, бозори истеъмолӣ – 6,5 ҳазор ва бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ – ҳудуди 1,5 ҳазор қонуншикнаиҳо ба қайд гирифта шуданд», – гуфтааст мансабдори рус.
Бино ба маълумоти Макаров, дар робита ба манъи вуруд ба муҳлати 5 сол, аз оғози сол беш аз 3 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳудуди Русия хориҷ карда шудаанд.



