ХФМ: Дар Маскав тоҷикон 6,8 ҳазор ҷиноят содир кардаанд

Дар пойтахти Русия соли равон тоҷикистониён беш аз 6,8 ҳазор ҷиноят содир намудааанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст. Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, дар содир намудани қонуншиканиҳо дар шаҳри Маскав миёни кишварҳои ИДМ шаҳрвандони Ӯзбекистон пешсафанд, ки шумори ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо зиёда аз 8,5 ҳазор далелро ташкил додааст. Ба […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар пойтахти Русия соли равон тоҷикистониён беш аз 6,8 ҳазор ҷиноят содир намудааанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, дар содир намудани қонуншиканиҳо дар шаҳри Маскав миёни кишварҳои ИДМ шаҳрвандони Ӯзбекистон пешсафанд, ки шумори ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо зиёда аз 8,5 ҳазор далелро ташкил додааст.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи назорати муҳоҷирати Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия дар шаҳри Маскав Виктор Макаров, миёни кишварҳои хориҷи дур шаҳрвандони Вйетнам аз ҳама бештар (беш аз 2,6 ҳазор далел) дар Маскав даст ба ҷиноят задаанд.

«Дар иншооти сохтмон – 10 ҳазор, бозори истеъмолӣ – 6,5 ҳазор ва бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ – ҳудуди 1,5 ҳазор қонуншикнаиҳо ба қайд гирифта шуданд», – гуфтааст мансабдори рус.

Бино ба маълумоти Макаров, дар робита ба манъи вуруд ба муҳлати 5 сол, аз оғози сол беш аз 3 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳудуди Русия хориҷ карда шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.