Посухи СБМ ба Ташкилоти ғайридавлатии Кӯлоб

Намояндагии Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон ба эътирози Иттиҳодияи ҷамъиятии Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» дар шаҳри Кӯлоб, ки ба ин созмон нобоварӣ изҳор намуд, расман посух гуфт. «Изҳороти мо ба нияти рӯшанӣ андохтан ба вазъи вобаста ба интиқоди шадид нисбати намояндагии СБМ дар Тоҷикистон аз ҷониби иттиҳодияи «Шаҳрванд» марбут аст», – гуфта мешавад […]

ASIA-Plus



Намояндагии Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон ба эътирози Иттиҳодияи ҷамъиятии Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» дар шаҳри Кӯлоб, ки ба ин созмон нобоварӣ изҳор намуд, расман посух гуфт.

«Изҳороти мо ба нияти рӯшанӣ андохтан ба вазъи вобаста ба интиқоди шадид нисбати намояндагии СБМ дар Тоҷикистон аз ҷониби иттиҳодияи «Шаҳрванд» марбут аст», – гуфта мешавад дар посухи намояндагии СБМ.

Раҳбари намояндагии СБМ дар ҶТ Тайма Курт дар ин робита изҳор намудааст, ки воқеъияти рӯз чунин аст, ки воситаҳои молии аз ҷониби сапрарастон ҷудомешуда тадриҷан коҳиш меёбанд ва мутаассифона, имрӯз бисёр созмонҳо ба ин ҳолат дучор шудаанд.

«Замоне мо бо 56 созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ доштем, вале имрӯз ҳамагӣ бо камтар аз 30-то онҳо кор мекунем ва ҳамаи ин дар партави коҳиши захираҳои буҷетӣ сурат мегирад. Иттиҳодияи «Шаҳрванд» яке аз шарикони калидии мо дар бахши муҳоҷирати корӣ аст, ки хонаводаҳои муҳоҷиронро дастгирӣ мекунад. СБМ ташвиши ТҒД-ро қабул дошта, зикр мекунад, ки ноумедӣ дар робита ба коҳиши воситаҳо ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои муҳими иҷтимоиро дарк мекунад. Мо ифтихор дорем, ки бо чунин шарикони касбӣ, ки ҳадафашон беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон аст, ҳамкорӣ мекунем», – иброз доштааст ӯ.

Дар посух ҳамчунин зикр мегардад, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳо айни замон СБМ аз стратегияе, ки ба ҳамкории мустақим ва фаъолияти муштарак бо ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳалҳо нигаронида шудааст, истифода мекунад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Иттиҳодияи ҷамъиятии Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» дар шаҳри Кӯлоб ба Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ)

расман нобоварӣ изҳор намуда

, зикр кард, ки аз шарикии минбаъда бо ӯ даст мекашад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.