Тағйири қарори ҳукумати шаҳри Турсунзода нисбати собиқ бозори Кабирӣ

Бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки қаблан ба оилаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ дошт, бо қарори навбатии раиси шаҳри Турсунзода Бобоалӣ Табарзода ба бозори «Варзиш» табдил дода мешавад. Бузургмеҳр Ёров, адвокати оилаи Кабирӣ мегӯяд, рӯзи 5-уми август раиси шаҳри Турсунзода дастур додааст, ки дар ҷойи бозори «Саховат» маҷмааи варзишӣ бунёд карда шавад, вале худи ҳамон […]

Мавзуна Абдуллоева



Бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки қаблан ба оилаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ дошт, бо қарори навбатии раиси шаҳри Турсунзода Бобоалӣ Табарзода ба бозори «Варзиш» табдил дода мешавад.

Бузургмеҳр Ёров, адвокати оилаи Кабирӣ мегӯяд, рӯзи 5-уми август раиси шаҳри Турсунзода дастур додааст, ки дар ҷойи бозори «Саховат»

маҷмааи варзишӣ

бунёд карда шавад, вале худи ҳамон рӯз боз як қарори дигар содир намудааст, ки мувофиқи он, бозор кӯчонида нашуда, он ба бозори асбобу лавозимот, срулибос ва таҷҳизоти варзишӣ табдил дода мешавад.

«Ба саволи чаро нахуст тарҳрезӣ шудани сохтмони маҷмааи варзишӣ ва акнун кӯчонида нашудани бозор ва ба ҷойи он бунёд кардани бозори таъиноти дигар, ба мо посух доданд, ки барои онҳо иваз кардани директори бозор зарур будааст», – гуфт Ёров.

Ба гуфтаи ӯ, мураббии шуъбаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода Муҳаммад Бодаков мувақкатан иҷрокунандаи вазифаи директори бозор таъин шуда, мутобиқи қарори раиси шаҳр, бозори «Саховат» ба тавозуни ҳукумати шаҳри Турсунзода гузаронида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.