Ҳукми 15 соли зиндон ба сокини Суғд барои кӯшиши қатли ҳамсари ҳомиладораш

Сокини вилояти Суғд барои қасди қатли зани ҳомиладори худ ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Аз Суди вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилоят сокини 47-солаи деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт Икром Наимовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 ва 104, […]

Мавлуда Рафиева



Сокини вилояти Суғд барои қасди қатли зани ҳомиладори худ ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Аз Суди вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилоят сокини 47-солаи деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт Икром Наимовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 ва 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба ин муҳлат аз озодӣ маҳрум кардааст.

Ба иттилои манбаъ, санаи 21-уми апрели соли 2014 маҳкумшуда дар ҳолати мастӣ дар маркази деҳоти Ориён ҳамсари худ, модари се фарзандаш – Г.С.-ро, ки ҳомиладор буд, лату кӯб намуда, бо корд ба ҷисми зан якчанд зарба задааст. Зан ба бемористон мунтақил шуда, табибон ҳаёти ӯ ва кӯдаки батнашро наҷот додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.