Давоми моҳҳои январ-июли соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди беш аз 5,3 млрд. сомонӣ (зиёда аз 1 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.
Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,6% зиёдтар аст.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 13,7, саноати коркард – 63,2 ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 23,1%-ро ташкил додааст.
Аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим тӯли 7 моҳи соли ҷорӣ дар 35 номгӯи он истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 41 номгӯй истеҳсоли он коҳиш ёфта, 14 номгӯи маҳсулот истеҳсол нашудаанд.
Аз 1 ҳазору 125 корхонаи санаотии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда аз оғози сол 225 корхона аз фаъолият бозмондаанд.



