Сардори ситоди Фронти халқӣ «дилмондагӣ»-и собиқ узви ФХ-ро рад кард

Сардори ситоди Фронти халқии замони ҷанги шаҳрвандӣ полковники мустаъфӣ Исмоил Иброҳимов расман маълумоти чанде аз ВАО дар бораи «дилмонда шудан»-и собиқ узви Фронити халқӣ Файзулло Бадарғаев аз Кӯлобро, ки гӯё ба сафҳои ҲНИТ пайвастанӣ будааст, рад кард. «Аз моҳи апрели соли 1992 то моҳи нобяри соли 1993 на дар Гвардияи халқиву на дар Фронти халқӣ […]

Турко Дикаев



Сардори ситоди Фронти халқии замони ҷанги шаҳрвандӣ полковники мустаъфӣ Исмоил Иброҳимов расман маълумоти чанде аз ВАО дар бораи «дилмонда шудан»-и собиқ узви Фронити халқӣ Файзулло Бадарғаев аз Кӯлобро, ки гӯё ба сафҳои ҲНИТ пайвастанӣ будааст, рад кард.

«Аз моҳи апрели соли 1992 то моҳи нобяри соли 1993 на дар Гвардияи халқиву на дар Фронти халқӣ сокини шаҳри Кӯлоб Файзулло Бадарғаев, иқоматдошта бо суроғаи кӯчаи Ҳувайдуллоев 123 ба қайд гирифта нашудааст», – омадааст дар посухи расмии ӯ ба «Азия-Плюс».

Дар ҳамин ҳол, сокини шаҳри Кӯлоб Файзулло Бадарғаеви 75-сола дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» маълумотномаеро пешкаш кард, ки 27-уми сентябри соли 2001 аз ҷониби комисариати ҳарбии Кӯлоб дода шуда, дар он ӯ ҳақиқатан ҳам узви Фронти халқӣ зикр шудааст, вале ба «Азия-Плюс» муяссар гардид, то ошкор созад, ки дар вақти зикршуда Ф.Бадарғаев бояд дар муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо мекард, зеро аз ҷониби суди ноҳияи Ленинград (феълан Муъминобод) санаи 29-уми январи соли 1987 мутобиқи моддаи 189 (Порагирӣ) ба муҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардида буд.

Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб (феълан – Донишгоҳи ба номи Рӯдакӣ), ки қаблан ба ҳайси сардори автоколонна дар ноҳияи Шӯрообод, директро автобазаи махсус дар Кӯлоб кор кардааст, дар суҳбати шахсӣ бо хабарнигори «Азия-Плюс» таъкид дошт, ки аз бисёр чизҳо, аз ҷумла зиндонӣ нашудани нахустин президенти ИҶШС Михаил Горбачев, то ҳанӯз дар озодӣ қарор доштани собиқ нахуствазир Абдумалик Абдуллоҷонов, нафақаи паст, ноуҳдабароии мансабдорони сатҳҳои гуногун дар ҳалли мушкилот ва ғайра дарвоқеъ ҳам дилмонда шудааст.

Номбурда зикр кард, ки ба демократҳову комммунистон ва руҳониён муносибати манфӣ дорад ва чун дар кишвар аз фаъолият доштани 8 ҳизб огаҳии хуб надорад, аз ин рӯ хоҳиши узвият ба ҲНИТ-ро изҳор намудааст. «Агар суроғаашро нишон диҳед, ба ҷуз ҳизбҳои коммунисту демократ, ба ҳама гуна ҳизб, ҳатто ба ҳизби насронӣ ҳам аъзо мешавам», – зикр кард ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.