Раҳматилло Зойиров бо Шуҳрат Қудратов як ба як суҳбат кард

Раиси ҲСДТ, адвокат Раҳматилло Зойиров, ки чанде қабл дар робита ба дастрасӣ надоштанаш ба зерҳимояи худ Шуҳрат Қудратов ба Прокураураи генералӣ шикоят бурд , бори нахуст тавонист, ки бо Шуҳрат Қудратов, ки дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад, як ба як суҳбат кунад. Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки вохӯрӣ 2,5 […]

Маҳпора Киромова



Раиси ҲСДТ, адвокат Раҳматилло Зойиров, ки чанде қабл дар робита ба дастрасӣ надоштанаш ба зерҳимояи худ Шуҳрат Қудратов ба Прокураураи генералӣ

шикоят бурд

, бори нахуст тавонист, ки бо Шуҳрат Қудратов, ки дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад, як ба як суҳбат кунад.

Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки вохӯрӣ 2,5 соат идома ёфта, дар давоми он ӯ бо зерҳимояи худ тамоми ҳолатҳои қазияро баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон вазъи Шуҳрат Қудратов бад нест, вале ба ҳар ҳол эҳсос мешавад, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ ба ӯ ба як навъе фишор меоваранд. «Мегӯянд, ки дар он ҷо аз болои ӯ махсус назорат мекунанд. Айни замон ӯ дар як ҳуҷра бо 6 нафар – собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, ки бо яке аз онҳо Қудратов ҳанӯз дар озодӣ зимни баррасии як парвандаи вохӯрда, он ба нафъи ин мард ҳал нашуда буд. Маҳз аз ҷониби ӯ масъалаи баҳсӣ рӯйи кор омада, Шуҳрат ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристода шуд», – иброз дошт Зойиров.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи август дар суди шаҳри Душанбе 

ҷаласаи нахустини судӣ 

оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки Агентии зиздифасод ӯро дар додани пора муттаҳам медонад, оғоз гардид.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар робита ба сабабҳои боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов рӯзи 23-юми июл 

маълумоти расмӣ 

интишор намуд.

Сипас Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро 

шахсан ҳимоят мекунад

. Раҳматилло Зойиров дар робита ба боздошти ӯ 

изҳор намуд,

 ки Шуҳрат Қудратов эътироф намудааст, ки аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ ба судя.

Баъдан ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов 

изҳорот пахш намуда,

 аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки парвандахои Ш.Қудратов ва Ф.Зокиров мунсифонаву беғараз баррасӣ карда шаванд.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 30-юми июли соли ҷорӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор намуд, ки ба гунаҳкор будани адвокат Шуҳрат Қудратов 

шубҳа надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.