Анонс
– 16 август
ТҶ «Alegria» ва тарабхонаи «Delhi darbar» ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҳиндустон чорабинии фарҳангии «Фестивали рангҳо» барпо мекунанд. Оғоз соати 15-00. Маълумот дар ин хусусро тариқи телефони 905 00 11 66 дарёфт карда метавонед;
– 16 август
бозиҳои даври 10-уми Лигаи олии футбол: КМВА «Помир» – Парвоз (варзишгоҳи КМВА «Помир»), «Хуҷанд» – «Хайр» (варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон). Оғози бозиҳо соати 17-00;
– 16-17 август
муддати 3 соат чорабинии фарҳангии «Боздид аз обсерваторияи астрономии Ҳисор» доир мегардад. Ҷоми ҷамъшавӣ: истгоҳи назди Хонаи радио (ТВ «Баҳористон»). Расонидан то ҷои экскурсия ва бозгашт бо автобус. Шумори одамон дар гурӯҳи экскурсионӣ – 15 нафар. Арзиши экскурсия 50 сомонӣ (барои кӯдакон) ва 60 сомонӣ (барои калонсолон). Телефони тамос барои сабт – (90) 677 -11-11;
– 17 август
бозиҳои даври 10-уми Лигаи олии футбол: «Истиқлол» – «Вахш» (Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ) ва «Далерон-Ӯротеппа» – «Регар-ТадАЗ» (варзишгоҳи марказии Истаравшан). Оғози бозиҳо соати 17-00.
Қ
урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.9820
сомонӣ;
1
евро –
6.6771
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.13
91
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
16 Август
2006
— Президенти Тоҷикистон ба унвони шаҳрванди фахрии шаҳри Сочии Русия сазовор дониста шуд.
2011 —
Дар ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон пули чорум дар болои дарёи Панҷро ифтитоҳ намуд, ки Тоҷикистону Афғонистоноро бо ҳам пайваст.
1933
– Зодрӯзи журналист Бахтибек Асалбеков.
1952-1998
– Мавлуди рӯзноманигор Бӯстон Шакурӣ.
1964
– Зодрӯзи доктори улуми техникӣ Раҳим Азимов.
1974
– Мавлуди қаҳрамони ҷаҳон Раҳимқул Малахбеков.
17 Август
Рӯзи кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
2002
– Аз Қарочӣ 123 нафар гурезагоне, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҷбурӣ ватанро тарк карда буданд, ба Душанбе баргаштанд.
2011
— Президенти Тоҷикистонро ба яке аз унвонҳои олии ҷомеаи аврупоӣ дар соҳаи фарҳанг ва сиёсат – «Пешвои асри XXI» сазовор донистанд.
1924
– Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ашӯра Носирова.
1930
– Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон Михаил Табачников.
1936
– Зодрӯзи нависандаи русзабони Тоҷикистон Темур Зулфиқоров.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, раъду барқ, баъзан чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +9+14, рӯзона +25+30; дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +14+19.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +31+33.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.



