Ифтитоҳи маркази нави раводид дар Душанбе

Вазорати умури хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ширкати VFS TasHeel International дар назорати раванди пешниҳоди аризаи раводид ба Арабистони Саудӣ кумак дархост кард.  Тавре аз VFS TasHeel International хабар доданд, ҷаноби Ҳамза Бакит Ал-Ҳарбӣї (Hamza Bakit Al Harby), котиби нахусти  Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ш. Душанбе  изҳор кардааст, ки  «маркази анқариб дар ш. Душанбе […]

ASIA-Plus



Вазорати умури хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ширкати VFS TasHeel International дар назорати раванди пешниҳоди аризаи раводид ба Арабистони Саудӣ кумак дархост кард. 

Тавре аз VFS TasHeel International хабар доданд, ҷаноби Ҳамза Бакит Ал-Ҳарбӣї (Hamza Bakit Al Harby), котиби нахусти  Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ш. Душанбе  изҳор кардааст, ки  «маркази анқариб дар ш. Душанбе ифтитоҳшуда ба шахсоне, ки хоҳиши ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар карданро доранд, инчунин дар пешниҳоди иттилооти зарурӣ оиди Шоҳигарӣ мусоидат хоҳад кард».

Ба иттилои манбаъ, хизматгузорӣ  пешниҳоди иттилоот оиди раводид, дастурҳо оиди пешниҳоди ариза барои раводид, коркарди ариза ва судури раводидро дар бар мегирад. Марказ хизматгузориро бо ҷадвали тамдидшудаи рӯзи корӣ дар мавсими пешниҳоди аризаҳои раводид, барои босуръат гардонидани  судури раводид ба ҳамаи хоҳишмандон  ба роҳ мондааст.

 «Маркази нави раводид хуб муҷаҳҳаз гардонида шудааст,  равзанаҳои махсусгардонидашудаи хизматрасонӣ ва  пештоқи қабул мавҷуданд, ки ҳамаи ин барои баланд намудани  малака ва беҳтар гардонидани раванди пешниҳоди аризаҳо барои раводид  равона шудааст. Ҳадафи мо – тавассути таҷҳизоти муосир дар Марказ ташкил намудани муҳити воқеан меҳмоннавоз мебошад, ки дар натиҷа раванди пурраи пешниҳоди ариза барои раводид малакаи хубе хоҳад шуд» – изҳор кардааст Мэдхэн Гопалакришнан (Madhan Gopalakrishnan), сарвари кулли VFS TASHEEL International.

VFS TasHeel  корхонаи муштараки  ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ дар соњаи тартибдиҳии раводиди VFS Global (Зерсохтори Kuoni Travel Group, Швейтсария) ва ширкати TasHeel Арабистони Саудӣ мебошад.   Корхонаи муштарак назорати раванди пешниҳоди аризаҳои раводидро ба 33 кишвар бо дархости Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ амалӣ менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат