ҲКТ фонди маблағгузорӣ барои номзадҳо ба вакилиро таъсис доданист

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) фонди пешазинтихоботии худро таъсис доданист, ки тариқи он маъракаи пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон аз ҳизбро маблағгузорӣ карданист. Котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки мушкилоти марбут ба маблағгузории барномаи пешазинтихоботӣ ва пардохти гаравпулии номзадҳо ба вакилӣ аз коммунистон дар […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) фонди пешазинтихоботии худро таъсис доданист, ки тариқи он маъракаи пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон аз ҳизбро маблағгузорӣ карданист.

Котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки мушкилоти марбут ба маблағгузории барномаи пешазинтихоботӣ ва пардохти гаравпулии номзадҳо ба вакилӣ аз коммунистон дар интихобот ба МНМО ҶТ дар моҳи феврали соли 2010, ба ҲКТ имкон надоданд, ки ба рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 22 нафар номзадҳои тибқи қонунгузорӣ иҷозатшударо шомил намояд ва он замон танҳо 9 нафар ба ин рӯйхат шомил гардида буданд.

«Дар интихоботи моҳи феврали соли 2015 маблағи гаравпулӣ аз 8 ҳазор то ба 4 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфта, бо назардошти ин ва умеди дарёфти сарпарастон, мо ният дорем, ки ба рӯйхати ҳизбии худ дар интихоботи қарибулвуқӯъ на камтар аз 20 нафар номзадҳоро шомил кунем», – қайд кард Талбаков.

Дар идома ӯ зикр кард, ки айни замон ҷиҳати баргузории пленуми Ҳизби коммунист дар моҳи сентябр омодагирӣ идома дорад, ки дар он квотаи вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии дар моҳи декабр пешбинишудаи ҳизб тасдиқ гардида, рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҲКТ муайян карда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, раёсати ҲКТ ба ташкилотҳои ибтидоии худ дар маҳалҳо оид ба муайян кардани номзадҳои эҳтимолӣ ба вакилӣ дар сатҳҳои гуногун бо шумули маҷлисҳои маҳаллӣ дастуру тавсияҳо ирсол намудааст.

«Мо ба бахшҳо дар маҳалҳо дастур додем, ки сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ, шахсони дорои нуфузу эътибор дар ҷомеа ва мутахассисони босаводу соҳибтаҷрибаро ба вакилӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешбарӣ намоянд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.