Аз оғози сол нархҳои истеъмолӣ 4,7% боло рафтанд

Дар зарфи 7 моҳи соли равон  мизони таваррум дар Тоҷикистон 4,7%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, моҳи июли соли ҷорӣ суръати афзоиши мизони таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,2% поин рафтааст. Аз оғози сол маҳсулоти ғизойӣ 6,5%, маҳсулоти ғайриғизойӣ – 0,8% ва хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 5% гарон шудаанд. Зикр мегардад, ки моҳи […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар зарфи 7 моҳи соли равон  мизони таваррум дар Тоҷикистон 4,7%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, моҳи июли соли ҷорӣ суръати афзоиши мизони таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,2% поин рафтааст.

Аз оғози сол маҳсулоти ғизойӣ 6,5%, маҳсулоти ғайриғизойӣ – 0,8% ва хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 5% гарон шудаанд.

Зикр мегардад, ки моҳи июл маҳсулоти ғайриғизойӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ мутаносибан 0,5% ва 2,5% қимат шуда, маҳсулоти ғизойӣ ба андозаи 0,4% арзон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Ёдрас мекунем, ки сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат