Раиси Хуҷанд ба 200 нафар мактабиён либоси мактабӣ тақдим кард

Шурӯъ аз имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ярмарка-фурӯши ашёи хониш ва либоси мактабӣ оғоз ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳсулоти пешниҳод намудаи нуқтаҳои фурӯш дидан намуда, ба фурӯшандаҳо тавсия дод, ки барои фароҳам овардани шароиту имконияти мувофиқ барои кулли табақаҳои иҷтимоии сокинон молу […]

ASIA-Plus



Шурӯъ аз имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ярмарка-фурӯши ашёи хониш ва либоси мактабӣ оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳсулоти пешниҳод намудаи нуқтаҳои фурӯш дидан намуда, ба фурӯшандаҳо тавсия дод, ки барои фароҳам овардани шароиту имконияти мувофиқ барои кулли табақаҳои иҷтимоии сокинон молу маҳсулоти худро бо нархҳои нисбатан арзон дар қиёс аз мағозаҳо ба фурӯш гузоранд.

Ба иттилои манбаъ, раиси шаҳри Хуҷанд ба 200 нафар мактабиён, ки аз оилаҳои камбизоат ба ҳисоб мераванд либоси мактабӣ тақдим намуда ба онҳо дар соли хониши нав муваффақият орзу намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ярмарка-фурӯш то санаи 31 август идома ёфта, дар он зиёда аз 20 нуқтаҳои фурӯш ва 4 корхонаи саноатӣ молу маҳсулоти мактабиёнро ба харидорон пешкаш менамоянд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.