КҲФ: Тамоми кӯдакони бистаришуда аз ноҳияи Рӯдакӣ ба хонаҳояшон баргаштанд

Тамоми кӯдакон аз деҳаи Арбобхотуни ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба гумони заҳролудшавӣ аз маводи кимиёвии  хлориди аммиак ба бемористонҳои пойтахт бистарӣ шуда буданд, айни замон ба хонаҳояшон баргаштанд. Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ташхиси нимаи аввали имрӯз доиргардида […]

Аваз Юлдошев



Тамоми кӯдакон аз деҳаи Арбобхотуни ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба гумони заҳролудшавӣ аз маводи кимиёвии  хлориди аммиак ба бемористонҳои пойтахт бистарӣ шуда буданд, айни замон ба хонаҳояшон баргаштанд.

Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ташхиси нимаи аввали имрӯз доиргардида нишон додааст, ки аз бӯи ғализи хлориди аммиак кӯдакон каме нотобу беҳол гардида, вале заҳролуд нашудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, хабари қаблии таркиши лӯлаи хлориди аммиак носаҳеҳ буда, бӯи ғализу ногувор дар натиҷаи буридани лӯлаи дорои боқимондаҳои хлориди аммиак, ки коргарони коргоҳи металлургӣ аз он оташдон сохтанӣ будаанд, ба вуҷуд омадааст.

Ёдрас мекунем, ки КҲФ ва МГ Тоҷикистон

иттилоъ дода буд

, ки бар асари таркиши зарфи дорои хлориди аммиак дар коргоҳи металлургии деаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ 40 нафар кӯдакони дар наздикии коргоҳ иқоматдошта заҳролуд шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.