Тоҷикистон ҳоло ҳам миёни кишварҳои хатари зиёди пулшӯӣ

Дар рейтинги кишварҳои дорои хатари зиёди пулшӯйӣ, ки тариқи ҷинояткорӣ, терроризм ва маблағгузорӣ ба терроризм ба даст омадааст, Тоҷикистон мақоми чорумро ишғол намуд. Рейтинги « The Basel AML Index 2014 » аз ҷониби  Пажӯҳишгоҳи шаҳри Базели Швейтсария омода гардидааст. Ба даҳгонаи кишварҳои дорои хатари пулшӯйӣ Эрон (8,56 балл), Афғонистон (8,53), Камбоҷа (8,39), Тоҷикистон (8,34), Гвинея-Бисау […]

ASIA-Plus



Дар рейтинги кишварҳои дорои хатари зиёди пулшӯйӣ, ки тариқи ҷинояткорӣ, терроризм ва маблағгузорӣ ба терроризм ба даст омадааст, Тоҷикистон мақоми чорумро ишғол намуд. Рейтинги «


The Basel AML Index 2014


» аз ҷониби  Пажӯҳишгоҳи шаҳри Базели Швейтсария омода гардидааст.

Ба даҳгонаи кишварҳои дорои хатари пулшӯйӣ Эрон (8,56 балл), Афғонистон (8,53), Камбоҷа (8,39), Тоҷикистон (8,34), Гвинея-Бисау (8,25), Ироқ (8,22), Мали (8,06), Швейтсария (7,92), Мозамбик (7,92) ва Мянма (7,89) шомл гардидаанд.

Сатҳи камтарини хатари пулшӯӣ ва маблағгузорӣ ба терроризм дар Финландия (2,51 балл), Эстония (3,27), Словения (3,38), Латвия (3,64), Буоғористон (3,83) ва Зеландияи Нав (3,83) ба қайд гирифта шудааст.

Рейтинги мазкур бар асоси маълумоти омории Бонки Ҷаҳонӣ, Transparency International – Шаффофияти Байналмилал, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ва FATF- созмони мубориза бо пулшӯӣ таҳия мешавад.

Дар рейтинги соли 2013 низ Тоҷикистон зинаи чорумро касб карда буд. Рейтинги кунунӣ 162 кишгвари дунёро фаро гирифта, дар он маълумоти сирри бонкӣ, коррупсия, қоидаҳои молиявӣ, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва ғайра ба инобат гирифта шудаанд. Рейтинги ба ин монанди порсола 140 кишварро фаро гирифта буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.