Ҳалокати як мард дар Қӯрғонтеппа аз вараҷаи Қрим-Конго

Дар бемористони клиникии вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппа шаби 14 ба 15-уми август аз бемории вараҷаи бавосири Қрим-Конго як мард ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ ва сардухтури санитарии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров, мард бо ин вирус, ки аз газидани кана пайдо мешавад, хеле дер ба табибон муроҷиат карда, 8 рӯз дар бемористон бистарӣ будааст. Дар […]

ASIA-Plus



Дар бемористони клиникии вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппа шаби 14 ба 15-уми август аз бемории вараҷаи бавосири Қрим-Конго як мард ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ ва сардухтури санитарии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров, мард бо ин вирус, ки аз газидани кана пайдо мешавад, хеле дер ба табибон муроҷиат карда, 8 рӯз дар бемористон бистарӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол, дар номаи расида ба «Азия-Плюс» аз як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар ин бора гуфта мешавад, мард муддати як ё ду соат аз бемории тариқи ҳаво гузаранда ҳалок шудааст ва ба тамоми табибоне, ки бо ин бемор сарукор доштаанд, робита бо динарон манъ шуда, онҳо дар ҷойи алоҳида нигаҳдорӣ мешаванд.

Аммо Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, вараҷаи бавосири Қрим-Конго танҳо тариқи робитаи мустақим доштан бо хуни шахси бемор ба каси дигар гузашта, ҳамаи 15 нафар табибону хоҳарони шафқат, ки барои наҷоти ҳаёти бемор талош варзидаанд, муддати 10 рӯз таҳти муоинаи махсус қарор дода мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки ин вирус бештар дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ва маҳз миёни шахсоне вомехӯрад, ки ба кишоварзӣ машғуланд. «Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 15 ҳолати сироят аз ин вирус ба қайд гирифта мешавад», – афзуд Ҷаъфаров. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.