Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҳиндустон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мунсибати солгарди навбатии истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустон ба президенти ин кишвар Пранаб Мукерҷӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки комёбиҳои назарраси Ҳиндустон дар таъмини рушди босуръати иқтисодӣ боиси хурсандии дӯстони самимии Ҳиндустон ҳастанд ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мунсибати солгарди навбатии истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустон ба президенти ин кишвар Пранаб Мукерҷӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки комёбиҳои назарраси Ҳиндустон дар таъмини рушди босуръати иқтисодӣ боиси хурсандии дӯстони самимии Ҳиндустон ҳастанд ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ба робитаҳои мустаҳкаму муассир бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки бо он моро равобиту тамосҳои таърихӣ мепайванданд, манфиатдор аст. Ҳиндустон дӯсти боэътимод ва шарики муҳими мо дар минтақа мебошад, ки мо бо он муносиботи гунонгунҷанбаи мутақобилан судманд дорем. Мо ба сатҳи ин муносибатҳо баҳои баланд дода, ба рушду густариши минбаъдаи онҳо ҳавасманд ҳастем», – омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон изҳори итминон мекунад, ки дар оянда низ бо саъю талоши муштарак кишварҳо метавонанд пайваста инкишофи равобити ҳасанаи ду кишвари дӯстро таъмин намоянд, ки он бидуни шак, ба нафъи халқҳо ва кишварҳо, амният, субот ва пешрафти умумии минтақа мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.