Савгандёдкунии беш аз 140 афсарони милитсияи тоҷик



Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар дар саҳни Вазорати корҳои дохилӣ маросими тантанавии

қасамёдкунии

курсантоне, ки имсол ба Донишкадаҳои ҳуқуқии Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дохил шуданд ва кормандоне, ки нав ба ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба кор қабул шудаанд,  бошукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ин маросими бошукӯҳ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода, роҳбарияти раёсатҳо, собиқадорон, ҳайати шахсии ВКД, падару модарон ва наздикони шунавандаҳо ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин маросими савгандёдкунӣ 140 нафар афсарони ҷавон, ки аз ин 64 нафарашонро шунавандагони Донишкадаҳои ҳуқуқии Академияи ВКД Федератсияи Россия ташкил медоданд, ботантана қасам ёд карданд.

Пас аз савганд ёд кардан афсарони ҷавон дар сафҳои воҳидҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилии кишвар ба фаъолият мепардозанд.

spot_imgspot_img

Популярное